Ru  | Tj
Тоҷикистону Португалия барои тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Португалия барои тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Португалия барои тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд

Нашр шуд

Миëни Тоҷикистону Португалия ҷиҳати густариши равобити мутақобилан судманд эъломияи муштарак ба имзо расид.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 5-уми августи соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва  ҳамтои португалии вай Жоао Гомеш Кравино зери эъломияи муштараке дар мавриди рушди ҳамкориҳо имзо гузоштаанд.

Гуфта мешавад, ин санади байнидавлатӣ ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миëни ду кишвар ба имзо расидааст ва дар он ҷонибҳо бо зикри робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ибрози омодагӣ намудаанд.

Ҷумҳурии Португалия аз 4-уми августи соли 1992 бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.

Қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистону Португалия дар соли 2020 ба беш аз 614 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст. Тоҷикистон ба ин кишвари аврупоӣ ба маблағи беш аз 570 ҳазор доллар маҳсулот содирот намудаву ҳаҷми воридот аз ин мамлакат андаке бештар аз 35 ҳазор доллар будааст.

Тоҷикистон дар қазияи Тайван аз мавқеи Чин ҳимоят кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед