Ru  | Tj
Тоҷикистону Швейтсария масоили таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Швейтсария масоили таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Швейтсария масоили таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Сафири Швейтсария​ таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, роҳбари ин ниҳод Завқӣ Завқизода дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Сафири ин кишвар дар Душанбе Мартин Саладин дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ меафзояд, дар ин мулоқот Завқизода ва Саладин масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷониба барои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро муҳокима намудаанд.

Гуфта мешавад, Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод кардааст,​ ки бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон бештар карда шавад.

Бояд гуфт, ки Швейтсария яке аз шарикони асосии тиҷоратии​ Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бар пояи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдои дуҷонибаи ду​ кишвар 281,7 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст.


Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Бохтар вохӯрданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед