Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия барои пайгирии амиқи тафоҳумномаҳои иқтисодӣ таъкид карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия барои пайгирии амиқи тафоҳумномаҳои иқтисодӣ таъкид карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия барои пайгирии амиқи тафоҳумномаҳои иқтисодӣ таъкид карданд

Нашр шуд

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Мустафа Варанк дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидор тарафайн бар масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва густариши ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвард сӯҳбат намудаанд.
 
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия барои ҳамкории иқтисодӣ баҳсу гуфтугӯ намудаанд.
 
Дар поёни нишаст ду тараф ба тавофуқ расидаанд, ки масъалаҳои иқтисодии зимни мулоқоти президентҳои ду кишвар дар ҳошияи Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасишударо мавриди пайгирии амиқ қарор диҳанд ва натиҷаи онро бар комиссияи ояндаи байниҳукуматӣ шарик созанд.

Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлуд Човушоғлу ба авзои Афғонистон ва ҳамкориҳои Душанбеву Истанбул дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ низ таваҷҷӯҳ карда буданд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион густариш меëбанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед