Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия барои санҷиши имконияти сармоягузорӣ дар энергетика ва саноти кӯҳӣ нишаст баргузор мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия барои санҷиши имконияти сармоягузорӣ дар энергетика ва саноти кӯҳӣ нишаст баргузор мекунанд
Акс: Mfa.tj

Тоҷикистону Туркия барои санҷиши имконияти сармоягузорӣ дар энергетика ва саноти кӯҳӣ нишаст баргузор мекунанд

Нашр шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, ки рӯзи 20-уми январ сафири кишвар дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар дидору суҳбат намуд.

Дар ин дидор тарафҳо дар чаҳорчӯбаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар мавриди густариши ҳамкориҳо баҳс намуда, бар тақвияти робитаҳои дутарафа дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.

Тибқи хабари бахши матбуотии сафорат ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ба ҳадафи дастрас намудани маълумоти бештар дар бораи имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар фурсати наздик дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ нишасти маҷозӣ ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии ду кишвар аз Тоҷикистон ва Туркия дидан намоянд.

 Сафорати кишвар дар Анқара ҳамчунон илова кардааст, ки соҳаи энергетика бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд.


Гулов ва Акар ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар заминаи дифоъро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед