Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия дар Анқара ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия дар Анқара ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия дар Анқара ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид намуданд

Нашр шуд

Дар Анқара миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин машваратҳои сиёсӣ Музаффар Муҳаммадӣ, муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати хориҷӣ ва ҳайати Туркияро Ёнет Ҷан Тезел, сардори Сарраёсати муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ бо Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар роҳбарӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, дар ин мушовараҳо тарафайн масоили марбут ба тавсеаи муносиботи дуҷониба ва чандҷонибаи Анқараву Душанбе ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд. 

Гуфта мешавад, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ аз меҳварҳои асосии ин машваратҳо буд.

Тарафҳо ҳамчунин ба тақвияти равобит дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн таъкид намуданд. 

Туркия борҳо гуфтааст, ки Тоҷикистонро шарики муҳимми худ дар Осиёи Марказӣ медонад. Миёни Душанбеву Анқара равобити хуби сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ шудааст. Тибқи иттилои манобеи расмӣ, феълан зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расида, лоиҳаи 30 санади дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад. 


Боку ва Душанбе густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед