Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳамкории таҳсилиро густариш диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳамкории таҳсилиро густариш диҳанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳамкории таҳсилиро густариш диҳанд

Нашр шуд

Вазорати илму маорифи Тоҷикистон хабар додааст, ки вохӯрии маҷозӣ байни ин вазорат ва Вазорати маорифи миллии Туркия баргузор шудааст.

 Бахши матбуотии Вазорат гуфтааст, ки ин дуюмин мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи миллии Туркия дар моҳи ҷорӣ аст.

 Дар хабарномаи вазорат омадааст, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва лоиҳаи созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилотро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунон, гуфта шудааст, ки зимни баррасии лоиҳаи Созишнома ҷонибҳо таклифу пешниҳоди худро манзур намуда, дар ҳалли масъалаҳо байни онҳо табодули афкор сурат гирифтааст.

 Дар ин нишаст ҳарду тараф таъкид кардаанд, ки барои густариши ҳамкориҳои таҳсилӣ имкониятҳои бештар эҷод мекунанд.


Миқдори квотаҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% зиёд шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед