Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия ният доранд мизони гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия ният доранд мизони гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд
Акс: Sputnik

Тоҷикистону Туркия ният доранд мизони гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Туркия нақша доранд, дар солҳои наздик бо роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод ҳаҷми муомилоти молии дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар расонанд.

Ба иттилои "Азия-плюс", рӯзи 17-уми ноябр дар ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодии амалишуда зикр гардид, ки ин ду кишвар қасд доранд, дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, саноати нассоҷӣ  (таъсиси кластери нассоҷӣ дар Тоҷикистон) ва коркарди алюминий, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд. доллар расонанд.

Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез баргузор гардидааст.

Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии комиссия соли 2022 дар Анқара баргузор гардад.

Тибқи омор, дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни ин ду кишвар 177 миллион долларро ташкил додааст.


Тоҷирону соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Душанбе ҷамъ меоянд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед