Ru  | Tj
Тоҷикистону Украина тавофуқҳои сиёсӣ ва барномаҳои тозаро имзо мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Украина тавофуқҳои сиёсӣ ва барномаҳои тозаро имзо мекунанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Украина тавофуқҳои сиёсӣ ва барномаҳои тозаро имзо мекунанд

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе ҳайатҳои Украина ва Тоҷикистон сари масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ мулоқот намуданд.

Рӯзи 17-уми май тавофуқҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Дар он ҳайати тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, ин даври дуюми тавофуқҳои сиёсӣ байни кишварҳо аст, ки дар он ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин тавофуқ доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ шудааст.

Бояд гуфт, ки зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расидаанд, ки барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо мерасад.

Гуфта мешавад, ки дар охири дидор Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енинро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи андоз

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед