Ru  | Tj
Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро ба охир мерасонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро ба охир мерасонанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро ба охир мерасонанд

Нашр шуд

Душанбе ва Тошканд тавофуқ кардаанд, ки то охири сол тартиби насб кардани пояҳои наздимарзӣ ниҳоӣ шавад.

Барои муайян кардани хати марз гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 17-22-уми май дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро дар доираи комиссияи муштараки дуҷонибаи аломатгузорӣ баргузор кардаанд.

Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти марзи давлатии ҳар ду давлат баррасӣ карда, назарҳоро дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузорӣ ва насби аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзи давлатӣ табодул кардаанд.

Ҳар ду тараф тавофуқ кардаанд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар марзи умумӣ суръат мебахшанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбеву Тошканд ба гуруҳои корӣ, ки дар ҳайати онҳо заминсанҷҳо (геодезистҳо), нақшабардорҳо, намояндаҳои ВКХ, неруҳои марзбонӣ вориданд, дастур додаанд, ки то охири соли 2021 тартиби насби пояҳои наздимарзиро дар марзи ду давлат ба таври ниҳоӣ тасдиқ кунанд.

Бояд гуфт, ки таъини марзи давлатӣ миёни ду кишвар дар соли 2019 комилан ниҳоӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳанӯз он замон ба таври хаттӣ дар мавриди хатти марзӣ мувофиқа карда буданд, акнун, дар натиҷаи таъини марзи давлатӣ, дар харитаҳо хатти дақиқи марзи ду давлат нишон дода мешавад.

Ӯзбекистон қоидаҳои будубоши шаҳрвандонро дар марз тағир медиҳад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед