Ru  | Tj
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент – Булунғур-Ҷомбой роҳи оҳан месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент – Булунғур-Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
Акс: Halva.tj

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент – Булунғур-Ҷомбой роҳи оҳан месозанд

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сохтмони роҳи оҳани нав дар масири шаҳри Панҷакент то ноҳияҳои Булунғур-Ҷамбойи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Ин баррасӣ дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Хитой, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии Ҳаштяк - Бекобод, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)-ро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар минтақаи Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур-Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳани Бекобод - Истиқлол ва дигар масъалаҳои ҷойдошта мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед