Ru  | Tj
Тоҷирони тоҷики муқими Алмааторо ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ватан даъват карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷирони тоҷики муқими Алмааторо ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ватан даъват карданд
Акс: Интернет

Тоҷирони тоҷики муқими Алмааторо ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ватан даъват карданд

Нашр шуд

Соҳибкорони тоҷики муқими Қазоқистонро барои саҳмгузорӣ дар саноатикунонии кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон даъват намуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато Равшан Бобохонзода 22-юми август бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ин шаҳр дидор ва дар ин бобат гуфтугӯ кард.

Манбаъ меафзояд, Бобохонзода зимни вохӯрӣ дар бораи ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонӣ ва имтиëзҳову имконоти фарохи барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фароҳамгашта маълумот дода, соҳибкорони тоҷики муқими Алмааторо барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар ба Ватан даъват намуд.

Гуфта мешавад, дар Алмаато ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон теъдоди зиëди шаҳрвандони Тоҷикистон ба соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул ҳастанду дар кори хеш муваффақ ҳам мебошанд.

Қаблан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз соҳибкорони тоҷике, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд, хоста буд ба рушду пешрафти зодгоҳу кишвари хеш сармоягузорӣ намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон меъëри бозтамвилро боло бурд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед