Ru  | Tj
Тоҷирону соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Душанбе ҷамъ меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷирону соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Душанбе ҷамъ меоянд
Акс: Интернет

Тоҷирону соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Душанбе ҷамъ меоянд

Нашр шуд

Дар авохири моҳи ноябр дар Душанбе Анҷумани соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад,  -  хабар додааст Вазорати корҳои хориҷӣ. 

Ба иттилои манбаъ, 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми 14-уми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея нахустин нишасти Анҷумани соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Корея баргузор мешавад. 

Манбаъ меафзояд, 15-уми ноябр дар мулоқоти Шараф Шерализода, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея раванди омодагӣ ба ин Анҷуман баргузор шудааст. 

Гуфта мешавад, дар ин Анҷуман роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳо, ниҳодҳои зидахли давлатӣ ва тоҷирону соҳибкорон ширкат меварзанд.

Намояндаҳои дипломатии кишварҳо таъкид доштаанд, ки абзори мазкур ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ  ва сармоягузорӣ ва таҳияву иҷрои лоиҳаҳои муштарак миёни кишварҳои иштирокдор муассир хоҳад буд. 

Моҳи апрели имсол Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пак Бён Сок, раиси парлумони Ҷумҳурии Корея, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, дидору гуфтугӯ карда буд.  

Дар ин мулоқот истифода аз захираҳои ғании табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ихтисоси қарзҳои имтиёзнок ба иқтисоди Тоҷикистон аз авлавиятҳои ҳамкории ду кишвар унвон шуда буд. 


Соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ 23 миллион сомонӣ сарф кардаанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед