Ru  | Tj
То соли 2026 дар Хатлон 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

То соли 2026 дар Хатлон 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад
Акс: Интернет

То соли 2026 дар Хатлон 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад

Нашр шуд

Дар доираи «Солҳои рушди саноат» давоми панҷ соли оянда дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳудуди 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз бунёди 500 корхонаи нави саноатӣ дар ин устон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иттилоъ додаву афзудааст, ки пас аз ба пурра ба кор даромадани ин корхонаҳо беш аз 13 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Қаблан Қурбон Ҳакимзода зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соли ҷорӣ дар ин вилоят бунёди 132 корхонаи саноатӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки бар пояи омори расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳудуди 2500 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд.

Солҳои 2022-2026 дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди саноат» эълон шудаанд.


Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед