Ru  | Tj
Толибон*: Ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон дар хориҷ паноҳандаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон*: Ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон дар хориҷ паноҳандаанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон*: Ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон дар хориҷ паноҳандаанд

Нашр шуд

Вазорати муҳоҷирони Толибон* мегӯяд, ки ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон паноҳанда ва се миллиони дигар дар дохили кишвар овора шудаанд.

Абдураҳмон Рашид, муовини вазорати муҳоҷирони Толибон* рӯзи 11 август дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ин оморро эълон кард, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа накард. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар медиҳад.

Қаблан Созмони Байналмилалии Муҳоҷират эълом карда буд, ки аз соли 2020 то кунун ҳудуди ҳашт миллион нафар Афғонистонро тарк кардаанд.

Пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, садҳо ҳазор нафар ин кишварро тарк карда, дар кишварҳои аврупоӣ, Амрико, Канада, Эрон ва Покистон паноҳ бурданд.

Гурӯҳи асосии паноҳҷӯёни афғонро собиқ кормандони давлатӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи занон ташкил медиҳанд.

Масъулони вазорати муҳоҷирони Толибон* дар нишаст эълон карданд, ки дар як соли ахир наздики 1 миллиону 780 ҳазор нафар аз Эрон, Покистон ва кишварҳои дигар ба Афғонистон баргаштаанд.

Бояд гуфт, ки дар як соли ахир ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии афғон аз Эрон ва Покистон босуръат идома дорад. Мақомоти Эрон дар охири соли гузаштаи хуршедӣ эълон карданд, ки 520 ҳазор муҳоҷири афғонро ихроҷ кардаанд.

Бар асоси омори созмонҳои байналмилалӣ, то поёни соли 2023 беш аз 500 ҳазор муҳоҷири дигар аз Покистон ихроҷ шудаанд.

Масъулони вазорати муҳоҷирони Толибон* мегӯянд, дар як соли ахир 5766 шаҳрванди Афғонистон, ки дар Покистон ва Туркия зиндонӣ буданд, озод шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ин муддат чаҳор ҳазор шаҳрванди Афғонистон, ки дар иртибот бо ҷиноятҳои мухталиф дар Эрон боздошт шудаанд, ба Афғонистон интиқол дода шудаанд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед