Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Толибон: “Ҳама кормандон бояд риш гузоранд, вагарна аз кор ронда мешаванд”
Нашр шуд
Манобеи маҳаллӣ дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон дар шимолушарқи Афғонистон мегӯянд, ки раёсати маорифи Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) дар ин вилоят ба тамоми кормандони давлатӣ дастур додааст, ки дар намози ҷамоат ҳозир бошанд ва ҳангоми кори расмӣ риш гузоштаву кӯлоҳи мазҳабӣ ба сар кунанд.
Ба гуфтаи манобеъ, Раёсати маорифи вилояти Бадахшон ба кормандони ин раёсат бо ирсоли як номаи расмӣ ва ҷудогона ҳушдор додааст, ки дар сурати сарпечӣ аз ин кор онҳо аз мақоми давлатӣ барканор хоҳанд шуд.
Дар ин нома гуфта мешавад, ки пас аз моҳи Рамазон риши кормандон тавассути бозрасиҳо тафтиш карда мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед