Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон аз ҳавзаи Амударё ба маблағи ҳудуди 33 миллион доллар нафти хом фурӯхтанд
Нашр шуд
Вазорати маъдан ва нафти Толибон эълон кард, ки 60 ҳазор тонна нафти хоми истихроҷшуда аз ҳавзаи Амударёро ба маблағи ҳудуди 33 миллион доллар фурӯхтааст.
Ин вазорат 28-уми май бо нашри баёнияе гуфт, ки ин миқдор нафти хом аз кони нафти Қошғарӣ истихроҷ шуда ва ба тариқи "довталабӣ" ё худ музояда ба фурӯш рафтааст.
Қайд карда шуд, ки дар ин музояда 18 ширкат иштирок намуда, корхонаи "Ямопетролиум" бо пешниҳоди нархи баландтарин баранда эълон шуд.
Шаҳобуддин Диловар, вазири маъдан ва нафти ҳукумати Толибон, ин музоядаҳо “озод” ва “шаффоф” тавсиф кардааст.
Толибон ахиран эълом карда буданд, ки мизони истихроҷи шабонарӯзӣ аз кони нафти ҳавзаи Амударё ба 1350 тонна расидааст. Ҳумоюн Афғон, сухангӯи вазорати маъдан ва нафти Толибон гуфт, то поёни соли 2024 мизони истихроҷи рӯзонаи нафт аз ин минтақа ба се ҳазор тонна хоҳад расид.
Ҳавзаи нафтии Амударё дар вилоятҳои Сарипул, Ҷузҷон ва Форёб дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст.
Толибон шартномаи истихроҷи нафти ин конро ду сол қабл ба ширкати чинии CPEIC супурданд.
Мӯҳлати ин қарордод 25 сол аст ва дар ин муддат ширкати чинӣ бояд дар майдони 4500 км мураббаъ дар конҳои Қошғарӣ, Зумурадсой, Бозори Камӣ, Оқдарё ва Ангут дар вилоятҳои Сарипул, Ҷузҷон ва Форёб нафт истихроҷ кунад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед