Ru  | Tj
Толибон аз Русия дар бекор кардани таҳримҳои СММ хостори кӯмак шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон аз Русия дар бекор кардани таҳримҳои СММ хостори кӯмак шуданд
Акс: Sputnik

Толибон аз Русия дар бекор кардани таҳримҳои СММ хостори кӯмак шуданд

Нашр шуд

"Толибон"* мутмаинанд, ки Русия метавонад байни Афғонистон ва СММ миёнрав шавад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, (узви намояндагони "Толибон") дар мусоҳиба бо "Новости" гуфтааст, ки Русия метавонад байни Афғонистон ва СММ миёнрав шавад, хусусан дар ҳалли масъалаҳои коҳиш ёфтани фишори таҳримот.

Инчунин, "Толибон" эътимод доранд, ки Русия дар раванди барқарорсозии кишвари онҳо метавонад таъсиргузор бошад.

Тавре Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар ин созмони ҷаҳонӣ қаблан дар мусоҳиба бо оҷонсии "Новости" гуфтааст, айни ҳол лағви чораҳои маҳдудкунандаи Шӯрои Амнияти СММ нисбат ба ҳукумати муваққатии Афғонистон баррасӣ намешавад, аммо дер ё зуд ин масъала бояд ҳалли худро пайдо кунад.

Ба андешаи дипломати рус, имрӯз мушкилоти аз ҳама ҷиддитар дар Афғонистон – ин расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми он аст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишастҳои СҲШ ва СААД, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, аз мавқеи тоҷикони Афғонистон ҳимоят карда, амали "Толибон"*-ро ба тундӣ танқид карда буд.

"Толибон"* – Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо.




Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби "С5+1" масъалаи Афғонистонро ба баррасӣ кашид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед