Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Толибон* ба гузориши СММ дар бораи афзоиши тавлиди афюн вокуниш кард
Нашр шуд
Вазорати умури дохилии Толибон* гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи афзоиши тавлиди афюн дар Афғонистонро рад карда ва онро "дур аз воқеият" хонд. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар дод.
Абдулматин Қонеъ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон* ахиран бо нашри баёнияе гуфт, ки арзёбиҳои ин вазорат нишон медиҳад, ки тавлиди афюн дар Афғонистон дар соли ахир дар муқоиса бо соли гузашта "коҳиши қобили мулоҳизае" доштааст.
Вай афзуд, пулиси Толибон* киштзорҳои кӯкнор дар вилоятҳои мухталифи Афғонистонро нобуд карда, аз кишварҳо ва созмонҳо дар заминаи кишти ҷойгузин барои кишоварзон ҳамкориро интизор аст.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон* гуфт, "мутаассифона, ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дар ҳеҷ самт сурат нагирифтааст ва [ҷомеаи ҷаҳонӣ] Имороти Исломиро (Толибон*) дар ин замина танҳо гузоштааст".
Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид ахиран бо нашри як гузориш гуфт, ки тавлиди афюн дар Афғонистон дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 30 дарсад ва арзиши он 130 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузориши ин созмон, дар соли ҷорӣ дар Афғонистон 433 тонна афюн тавлид шудааст, ки арзиши он 260 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ ахиран гузориш дод, ки кишти кӯкнор дар Афғонистон нисбат ба соли қабл 19% афзоиш ёфтааст.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед