Ru  | Tj
Толибон ба маблағи ду милён долар зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ба маблағи ду милён долар зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Толибон ба маблағи ду милён долар зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд

Нашр шуд

Шаҳобуддин Диловар, вазири маъдан ва нафти Толибон* мегӯяд, то кунун 20 ҳазор қирот зумурради Панҷшер ба маблағи ду милён доллар фурӯхта шудааст.

Вай дар ин бора рӯзи 7-уми декабр дар маросими ифтитоҳи кони ёқути Ҷагадлак изҳор дошт.

Бино ба хабарномаи вазорати маъдан ва нафти таҳти раҳбарии Толибон, дар вилояти Панҷшер 1500 кон мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Панҷшер ба 400 кас муҷаввизи истихроҷи маъдан дода шуда, 10 ҳазор кас дар ин конҳо кор мекунанд.

Вазири маъдан ва нафти Толибон ёдоварӣ кард, ки то имрӯз дар ҳафт музояда 20 ҳазор қирот зумуррад ба маблағи ду милён доллар фурӯхта шудааст.

Гуфтанист, зумуррад яке аз сангҳои гаронбаҳост, ки конҳои он дар қалби кӯҳҳои Панҷшер ва Ҳиндукуш ҷойгир ҳастанд.

Дар тӯли чанд даҳсолаи ҷанг ва ноамнӣ ин конҳо дар Афғонистон дастнорас боқӣ мондаанд ва умдатан ғайриқонунӣ истихроҷ шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар ду соли охир Толибон ба истихроҷи маъданҳо ва манобеъи табиъии Афғонистон шуруъ карда, ин гурӯҳ талош дорад даромади худро аз сарватҳои  зеризаминии Афғонистон ба даст орад.

Дар баробари ин гурӯҳи Толибон теъдоде аз маъданҳо ва конҳои нафти Афғонистонро барои истихроҷ ба ихтиёри ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои чинӣ додааст.

*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед