Ru  | Tj
Толибон ба Муҳаммад Исмоилхон пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ба Муҳаммад Исмоилхон пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд
Акс: Knews.kg

Толибон ба Муҳаммад Исмоилхон пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд

Нашр шуд

Мулоқоти ҳайати намояндагони "Толибон"* бо Исмоилхон дар Теҳрон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба маълумоти "Фергана", ҳайати намояндагони Толибон рӯзи 8-уми январ аз Кобул ба Теҳрон сафар намудаанд.

Ба таъкиди манбаъ, Амирхон Муттақӣ, Вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон зимни анҷоми гуфтушунид бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон изҳор доштааст, ки онҳо метавонанд ба Афғонистон баргарданд ва зиндагии ором дошта бошанд.

Ҳамзамон хабаргузории "Спутник" дар ин бора қайд менамояд, ки Толибон дар мулоқоти мазкур ба Исмоилхон дар ҳукумати навтаъсиси худ мансаб пешниҳод намудаанд ва изҳори омодагӣ аз он доштаанд, ки 20 намояндаи Исмоилхонро ба ҳукумати ҷадид роҳ медиҳанд.

Гуфта мешавад, Исмоилхон тасмим гирифтааст, ки баъд аз ду моҳ ба пешниҳоди Толибон посух медиҳад.

Зимнан гуфта мешавад, ки тасмими Исмоилхон ба хулоса ва ризоияти чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз қабили Атомуҳаммади Нур, Абдуррашид Дӯстум, Муҳаққиқ, Сайфӣ, Аҳмад Масъуд ва дигарон вобастагӣ дорад.

Хотиррасон менамоем, Толибон моҳи сентябри соли гузашта ҳайати ҳукумати навтаъсиси худро эълом доштанд, ки ҳамаи онҳо аз қавми паштун иборат буданд.

То ҳол Толибонро ҳеҷ яке аз давлатҳои ҷаҳон расман эътироф накардааст.

Толибон* - ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед