Ru  | Tj
Толибон ба Панҷшер ҳамла карда ва шикаст хӯрданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ба Панҷшер ҳамла карда ва шикаст хӯрданд
Акс: Sputnik

Толибон ба Панҷшер ҳамла карда ва шикаст хӯрданд

Нашр шуд

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аввалин ҳамлаи мустақим ба дараи Панҷшерро ба шикаст мувоҷеҳ карданд.

Шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон”* ба Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа чандин нафарашон кушта ва захмӣ шуданд.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар баёнияи видеоӣ аз шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон”* як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд.

“Фазли Худо, бахт ҳамроҳашон ёр набуд. 7 – 8 нафар кушта доданд, чанд нафар захмӣ доданд. Як – ду нафар аз нерӯҳои муқовимат низ захмӣ шуданд. Ҳамватанони азиз ташвиш надошта бошанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.

Гуфта мешавад, ки Фармондеҳии амалиётро фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ раҳбарӣ кардааст. Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ҳамчун яке аз дӯстони содиқ ва вафодори Аҳмадшоҳи Масъуд шинохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки даҳана ё Тангии Панҷшер ягона роҳи содаи вуруд ба дараи Панҷшер аст, ки аз тарафи ғарби дара ҷойгир буда, дарвозаи асосии он ба шумор меояд. Ин тангӣ аз як роҳи мошингарди қиршуда иборат аст, ки аз канори он дарёи Панҷшер мегузарад ва тақрибан 50 метр тӯл дорад.

*Ҳаркати мамнуъ дар Тоҷикистон


Амрико низомиёнашро пурра аз хоки Афғонистон берун кашид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед