Ru  | Tj
Толибон ба расонаҳо: “Нашри мусиқӣ, сериалҳои хориҷӣ, хабарҳои манфиро манъ кунед”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ба расонаҳо: “Нашри мусиқӣ, сериалҳои хориҷӣ, хабарҳои манфиро манъ кунед”
Акс: ASIA-Plus

Толибон ба расонаҳо: “Нашри мусиқӣ, сериалҳои хориҷӣ, хабарҳои манфиро манъ кунед”

Нашр шуд

Ахиран маъмурони амниятӣ ва фарҳангии Толибон* дар Ҳирот аз расонаҳо ва рӯзноманигорон даъват карданд, ки ба маводи нашркардаашон тағйирот ворид кунанд.

Як манбаи ҳозир дар ин нишаст ба расонаи хабарии “Пажвок” гуфтааст, мақомоти Толибон ба расонаҳо гуфтаанд, ба “нашри мусиқӣ, сериалҳои хориҷӣ, хабарҳои манфӣ, сару садоҳо ва қазияҳое, ки меъёрҳои исломӣ ва манофеи миллиро вайрон мекунанд" идома надиҳанд.

Рӯзноманигорон ва расонаҳои маҳаллӣ дар Ҳирот аз маҳдудиятҳои расонаӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Исмоил Азад, раиси Анҷумани рӯзноманигорони Ҳирот дар ин бора чунин гуфтааст: "Ҳар рӯз дастурҳои наве аз ҷониби мақомоти Толибон дар Ҳирот содир мешаванд, ки нигаронкунанда мебошанд”.

Наим Ҳаққонӣ, мудири иттилоот ва фарҳанги Ҳирот, ки аз сӯи Толибон таъйин шудааст, дар ин бора гуфтааст: "Фарқияти низоми “Амороти исломӣ” аз низоми қаблӣ дар он аст, ки ончӣ “Аморати исломӣ” мегӯяд, амалӣ хоҳад шуд ва мо қотеъона амал мекунем”.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед