Ru  | Tj
"Толибон" ба вохӯрии навбатии вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Толибон" ба вохӯрии навбатии вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешаванд
Акс: Интернет

"Толибон" ба вохӯрии навбатии вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешаванд

Нашр шуд

Интизор меравад, ки ҷаласаи ояндаи вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон тақрибан аввалҳои соли 2022 дар Чин баргузор гардад.

Ба иттилои "ТАСС", намояндагони ҳаракати "Толибон"* ба ҷаласаи саввумини давлатҳои ҳамсояи Афғонистон даъват карда мешаванд.

Ба иловаи манбаъ, доир намудани мулоқоти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо иштироки намояндагони Толибон иқдоми Покистон буда, стратегияи нави Исломобод бо Кобул ҳамкориҳои созандаро нигоҳ доштан аст.

Гуфта мешавад, баъди он, ки "Толибон" дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст оварданд, Покистон механизми ҷадиди машваратҳои байни давлатҳои ҳамсояи Афғонистон оид ба вазъи ин кишвар пеш гирифтааст.

Дар ин музокирот Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.

Вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бори нахуст 8-уми сентябри соли 2021 дар Исломобод мулоқот анҷом доданд. Нишасти дуввумини онҳо 27-уми октябри ҳамин сол дар Теҳрон баргузор гардида буд, ки ҳаракати"Толибон" ба ҳеҷ яке аз ин ду нишасти қаблии вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват нашуда буданд.

Иштирокдорони ҷаласаи дувум дар баёнияи муштараки худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки бо Афғонистон ҳамкориҳои мусбат давом дода шавад ва ҷиҳати пешбурди рӯзномаи равобитҳои сиёсӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ як харитаи роҳи дарозмӯҳлат таҳия карда шавад.

"Толибон"- ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Толибон дар Бадахшон як ҷавонро барои мусиқӣ гӯш карданаш тирборон карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед