Ru  | Tj
Толибон ба занони Афғонистон сафарро бидуни мардони маҳрам манъ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ба занони Афғонистон сафарро бидуни мардони маҳрам манъ карданд
Акс: Интернет

Толибон ба занони Афғонистон сафарро бидуни мардони маҳрам манъ карданд

Нашр шуд

Хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” аз қавли мақомоти ду ширкати ҳавопаймоӣ навиштааст, ки Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) даҳҳо парвози дохиливу байналмилалиро дар Афғонистон масдуд кардаанд.

"Даҳҳо зан рӯзи ҷумъа ба майдони ҳавоии Кобул омаданд ва мебоист аз Афғонистон хориҷ мешуданд, аммо мақомоти Толибон иҷозаи парвозро надоданд", - афзудааст мақомоти расмӣ.

Ба гуфтаи онҳо, Толибон ба занон гуфтаанд, ки ҳаққи сафар "бе муҳаррам"-ро надоранд.

Як мақоми расмӣ гуфта, шуморе аз занон шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла як шаҳрванди Канада буданд, ки мехостанд ба хонаҳои худ, ки берун аз Афғонистон аст, баргарданд.

Қарор буд, ин занҳо тариқи ширкати “Кам Air” ва “Ariana” ба Исломобод, пойтахти Покистон, Дубай, пойтахти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия сафар кунанд. Як масъули ин ду ширкати ҳавопаймоӣ гуфта, ки фармони мазкурро раҳбари Толибон содир кардааст.

Раиси Майдони ҳавоии байналмилалии Кобул ва раиси пулис, ки ҳарду узви Толибон ҳастанд, рӯзи шанбе бо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ мулоқот кардаанд. Аммо дар ин бора ҷузъиёте ба расонаҳо дода нашудааст.

Ин иқдом чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон бар хилофи тааҳҳудоти қаблии худ, аз боз кардани мактабҳои духтаронаи аз синфи 6-ум боло худдорӣ намуданд ва қарор баровард, ки занҳо бидуни маҳрам сафар карда наметавонанд.


Толибон: “Агар риш нагузоред ва либоси суннатӣ напӯшед, аз кор ронда мешавед”



 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед