Ru  | Tj
Толибон* беш аз 21 ҳазор сози мусиқиро дар Афғонистон нобуд кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон* беш аз 21 ҳазор сози мусиқиро дар Афғонистон нобуд кардаанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон* беш аз 21 ҳазор сози мусиқиро дар Афғонистон нобуд кардаанд

Нашр шуд

Вазорати амр ба маъруфи Толибон* мегӯяд, ки тайи як соли ахир "беш аз 21 ҳазор асбоби мусиқиро нобуд кардааст".

Давлати Толибон* мусиқиро сабабгори "фасоди ахлоқӣ" медонад ва онро "ҳаром" эълон кардааст. Нашри наворҳои таъқиби ҳунармандони маҳаллӣ ва сӯзондани асбобҳои мусиқӣ низ вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Масъулини ин вазорати Толибон* имрӯз дар маркази расонаҳои давлатӣ дар Кобул гузориши фаъолияти яксолаи худро муаррифӣ карданд.

Ин ниҳод гуфт: “барномаҳои расонаҳои савтӣ, видеоӣ ва чопӣ 90% тағйир дода шуда, ба хотири ислоҳи ҷомеа дар сатҳи марказ ва вилоятҳо 30 ҳазор филми бадахлоқона аз байн бурда шуда, қалёнхона ва қиморхонаҳо баста шуд ва 448 туморнавис ва 528 нафар ҷодугар боздошт ва ба мақомоти додгоҳӣ таслим шуданд».

Масъулини Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибон* ҳамчунин иддао карданд, ки дар як соли ахир аз "2638 мавриди зӯроварӣ нисбат ба занон, 338 мавриди озори духтарон ва 295 мавриди фурӯши занон" ҷилавгирӣ шудааст.

Дар як фармон, раҳбари Толибон* издивоҷи иҷборӣ ба ҷои хуни хонаводаи қурбониён ё ҳалли баҳсҳо ва низоъҳоро, ки то ҳол дар баъзе манотиқи қабилавӣ роиҷ аст, манъ кардааст.

Бояд гуфт ки аз дубора сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон се сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат ҳукумати Толибон* озодиҳои шаҳрвандиро ба шиддат маҳдуд карда, занонро аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ ва кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ  маҳрум кардааст.

Қобили зикр аст, ки бо гузашти се сол бо вуҷуди барқарории равобити иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои минтақа бо Кобул, аммо то ҳол ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати Толибон*-ро ба расмият нашинохтааст.


*- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед