Ru  | Tj
Толибон* бештар аз 2600 қирот зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон* бештар аз 2600 қирот зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд
Акс: etilaatroz.com

Толибон* бештар аз 2600 қирот зумуррадҳои Панҷшерро фурӯхтаанд

Нашр шуд

Вазорати маъдан ва нафти Толибон* мегӯяд, ки 2604 қирот зумуррадро, ки аз конҳои вилояти Панҷшер истихроҷ шудааст, ба маблағи 335 500 доллар фурӯхтааст.

Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар медиҳад.

Ин вазорат 3 сентябр бо нашри як хабар гуфтааст, ки ин миқдор зумуррад аз тариқи “музояда” ва бо ҳузури беш аз 100 тоҷир фурӯхта шудааст.

Вазорати маъдан ва нафти Толибон* гуфтааст, ки то кунун 78 ҳазору 491,5 қирот зумурради Панҷшер ба арзиши 5 миллиону 53 ҳазору 423 доллар фурӯхта шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ин миқдор зумуррад дар 25 музояда фурӯхта шуда, 10 дарсади маблағ саҳми Толибон* аст.

Бояд гуфт, ки аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, онҳо ба истихроҷи конҳои зумурради Панҷшер ва фурӯши он шурӯъ карданд.

 Истихроҷи ин санги қимматбаҳо ва дигар конҳои Афғонистон аз сӯи Толибон* бо интиқодҳо ҳамроҳ шуда ва бархе аз ҷараёнҳои сиёсӣ ин гуруҳро ба тороҷи конҳои Афғонистон муттаҳам кардаанд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед