Ru  | Tj
Толибон дар Андароб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҳамла карда, ба шикасти шадид мувоҷеҳ шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон дар Андароб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҳамла карда, ба шикасти шадид мувоҷеҳ шуданд
Акс: Бомдод

Толибон дар Андароб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҳамла карда, ба шикасти шадид мувоҷеҳ шуданд

Нашр шуд

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ки дирӯз дар соати 4-и субҳ нерӯҳои гурӯҳи худкушии Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Андароб аз кӯҳҳои атроф ҳамла кардаанд.

Вай дар “Твиттер” дар ин бора чунин навишт: "Дар соатҳои аввали ҷанг хатти ҷабҳа ба нафъи душман тағйир ёфт, аммо бо илова шудани нерӯҳои мардумӣ ва ҳамлаҳои муқобили нерӯҳои муқовимат, Толибон ба ақиб ронда шуданд."

Ӯ афзуда, ки дар ин ҳамлаи ҷавобӣ 13 нафар аз Толибон кушта ва шаш тани дигар сахт захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин набард як ҷангии муқовимат низ захмӣ шуда, фармондеҳ Абдулматин, узви саршиноси Ҷабҳа кушта шудааст.

Вай менависад, ки ҷанг ҳанӯз идома дорад. 

Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд, вале мардуми маҳал мегӯянд, ки онон бо чархболҳо захмӣ ва мурдаҳои худро интиқол доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо шурӯъ шудани баҳор хезишҳои мардумӣ алайҳи Толибон дар саросари Афғонистон қувват гирифтааст.


Амрико: Ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш меёбанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед