Ru  | Tj
Толибон дар Швейтсария. Дар Женева барои Толибон нишаст баргузор карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон дар Швейтсария. Дар Женева барои Толибон нишаст баргузор карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Швейтсари

Толибон дар Швейтсария. Дар Женева барои Толибон нишаст баргузор карданд

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷаи Швейтсария гуфт, як ҳайати 13-нафараи Толибон* рӯзи якшанбе бо даъвати як созмони ғайридавлатӣ вориди Женева шуданд, то вазъи башарӣ ва масоили ҳуқуқи башар дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Ин дуввумин сафари Толибон ба Аврупо пас аз расидан ба қудрат дар Афғонистон аст. Аммо Вазорати корҳои хориҷаи Швейтсария таъкид мекунад, ки ин сафар ба маънои эътирофи Толибон нест.

Ҳайати Толибон бо хости ниҳоди «Geneva Call» даъват шудааст, то бо Салиби сурхи Афғонистон, Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария дар бораи бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва масоили ҳуқуқи башар мулоқот кунанд.

Гуфта мешавад, ин конфронс имкон медиҳад, ки меъёрҳои ҳуқуқи башарро ба Толибон ошкор созанд ва аз онҳо бихоҳанд, то ҳуқуқи инсонҳоро эҳтиром кунанд.

Пас аз Норвегия ин дуввумин кишварест, ки ба Аврупо Толибонро даъват карда ва бо онҳо аз наздик сӯҳбат мекунад.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки кишварҳои ғарбӣ бо чунин роҳҳо мехоҳанд ҳукумати Толибонро эътироф кунанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед