Ru  | Tj
Толибон: Дар заминларзаи шаби гузашта 4 нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон: Дар заминларзаи шаби гузашта 4 нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шуданд
Акс: tasnimnews.com

Толибон: Дар заминларзаи шаби гузашта 4 нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шуданд

Нашр шуд

Билол Каримӣ, муовини сухангӯйи Толибон* аз қавли Вазорати тандурустии ин гурӯҳ гуфтааст, ки дар заминларзаи шаби гузашта дар саросари Афғонистон чаҳор нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ӯ ин оморро дар саҳифаи твиттери худ имрӯз, 22-юми март, нашр кард. Каримӣ дар бораи кушта ё захмӣ шудани мардум дар кадом вилоят чизе нагуфт.

Дар бораи хисороти молии заминларза низ иттилое нашр нашудааст.

Мақомоти маҳаллии Толибон дар вилояти Лағмон мегӯянд, бар асари заминларзаи шаби гузашта дар чанд навоҳии ин вилоят ду нафар кушта ва 16 нафар захмӣ шудаанд.

Хайрмуҳаммад Ғозӣ, раиси идораи ҳодисаҳои табии Толибон дар Лағмон гуфт, ки дар ин ҳодиса дар Меҳтарлам, маркази ин вилоят ва дар навоҳии Алинигор, Алшинг ва Давлатшоҳ 22 хона тахриб шудааст.

Тақрибан соати 21:20 шаби 21-уми март ба вақти Афғонистон заминларзаи нисбатан шадид бахше аз манотиқи ин кишвар, аз ҷумла Кобул ва вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқиро такон дод. Ин заминларза дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон ва Ҳинд низ эҳсос шудааст.

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи Thenews.com хабар додааст, ки бар асари заминларзаи шаби рӯзи 21-уми март дар Покистон 9 нафар ҳалок шуда, 44 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Гуфтанист, Маркази зилзилашиносии Амрико эълом кардааст, ки маркази ин заминларза дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буда, шиддати он 6,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер ва умқи он 187 километр будааст.

 

*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед