Ru  | Tj
Толибон: “Духтарон иҷоза доранд, ки ба донишгоҳҳо биоянд, аммо...”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон: “Духтарон иҷоза доранд, ки ба донишгоҳҳо биоянд, аммо...”
Акс: Sova.News

Толибон: “Духтарон иҷоза доранд, ки ба донишгоҳҳо биоянд, аммо...”

Нашр шуд

Дари донишгоҳҳои давлатии Афғонистон ба рӯйи донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони афғон боз шудааст.

Тавре оҷонсии иттилоотии "Фергана" хабар медиҳад, таълим дар 19 донишгоҳи давлатии вилоятҳои Афғонистон, ки иқлимашон нисбатан сард аст, аз нав барқарор шудааст.

Таъкид мегардад, дарс дар донишгоҳҳои давлатии вилоятҳои Лағмон, Нангарҳор, Қандаҳор, Нимрӯз, Фароҳ ва Ҳилманди ин сарзамин, ки иқлими гарм доранд, аввали моҳи феврал шурӯъ гардида будааст.

Зимнан, қайд мегардад, ки тибқи талаботи Толибон* машғулиятҳои дарсӣ барои духтарон ва писарон алоҳида гузаронида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки таълим дар муассисаҳои олии Афғонистон моҳи августи соли гузашта, пас аз тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз ҷониби Толибон қатъ гардида буд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед