Ru  | Tj
Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад
Акс: Vesti.UZ

Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад

Нашр шуд

Мулло Бародар, муовини аввали сарвазири ҳукумати худхондаи Толибон* Тоҷикистонро бо иттиҳоми дахолат ба умури дохилии Афғонистон танқид кардааст.

Ба гузориши Sputnik, Бародар дар як гуфтугӯи телевизионӣ дар шабакаи Al-Jazeera гуфт, ки "Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад".

Дар бобати чӣ дахолат кардан ва дар пай чӣ аксуламал доштани ин дахолатҳо мулло Бародар тафсилот надод.

Аммо, ба гумони ғолиб, манзури Бародар аз дахолати Тоҷикистон ин мавқеъгириҳои санҷидаву маҳками Сарвари давлати Тоҷикистон аст, ки ахиран дар мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милал ҳам садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат расидани Толибон ҳамеша рӯи ин таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул таъсис ёбад ва тоҷикон, ки беш аз 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, дар он соҳиби ҷойгоҳи шоиста бошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин вазъияти Панҷшерро нигаронкунанда хонда, борҳо гуфтааст, ки Толибон ин вилояти тоҷикнишинро дар блокада қарор додаанд ва мардуми Панҷшер ба хӯроку дигар лавозимоти зиндагӣ дастрасӣ надоранд.

Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон Толибонро ба ваъдахилофӣ дар амри ташкили ҳукумати ҳамашумул муттаҳам карда буд. Зеро дар ҳукумате, ки онҳо таъин намуданд, аксари кулли мансабдорон паштунтабор буданд.

Садо баланд кардани Мулло Бародар дар ҳолест, ки ахиран Толибон эълон намуданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худ - “Артиши Мансурӣ” –ро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст, фиристодаанд.

Толибон моҳи август Кобулро ишғол ва ҳукумат дар Афғонистонро ба даст оварданд. Онҳо тамоми вилоятҳои Панҷшерро ба тасарруф даровардаву ягона минтақае, то ҳол дар баробарашон устувор истодаву меҷангад, Панҷшер аст. Дар Панҷшер Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис ёфтаву онро Аҳмад Масъуд, писари лашкаркаши шуҷоъ ва нотакрор Аҳмадшоҳи Масъуд роҳбарӣ мекунад.

Толибон* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед