Ru  | Tj
Толибон*: Муҳоҷирони кории афғон метавонанд ба Русия биёянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон*: Муҳоҷирони кории афғон метавонанд ба Русия биёянд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон*: Муҳоҷирони кории афғон метавонанд ба Русия биёянд

Нашр шуд

Абдул Умарӣ, вазири кор ва равобити иҷтимоӣ дар ҳукумати Толибон* гуфт, ки чанд минтақаи Русия ба муҳоҷирони корӣ аз Афғонистон ҷои кор пешниҳод кардаанд.

Чанд минтақаҳои Русия, бахусус Тотористон ва Чеченистон ба муҳоҷирони корӣ аз Афғонистон кор пешниҳод кардаанд, изҳор дошт Абдул Умарӣ сарпарасти вазорати кор ва равобити иҷтимоӣ дар ҳукумати Толибон*. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

"Чеченистон ва Тотористон, инчунин дигар ҷумҳуриҳо [Федератсияи Русия] ба мо пешниҳод карданд, ки имконотро [барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирон аз Афғонистон], ба хусус дар бахши кишоварзӣ истифода барем", - хабар дод Садо ва симои миллии Афғонистон ба нақл аз Умарӣ. 

Ба гуфтаи вай, ин масъала дар мулоқот бо Антон Котяков, вазири кори Русия  дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ва ҳамчунин дар музокирот бо намояндагони ҷумҳурии Доғистон матраҳ шудааст.

Бояд гуфт, Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи расмии ҳукумати Толибон* қаблан ба хабаргузории ТАСС изҳор дошт, ки  Кобул ҳадафи рушди равобити мусбат бо Маскавро дорад ва ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербургро  “форуми муҳими иқтисодӣ, бахусус аз нигоҳи рушди роҳҳои савдо” донист.

 Аз сӯи дигар рӯзи 28 май Владимир Путин, раисҷумҳури Русия  гуфт, ки бояд бо Толибон* равобит барқарор кард, зеро онҳо Афғонистонро назорат мекунанд ва ҳукумати кунунии ин кишвар ҳастанд.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед