Ru  | Tj
Толибон* нашри акси "мавҷудоти зинда"-ро дар расонаҳо манъ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон* нашри акси "мавҷудоти зинда"-ро дар расонаҳо манъ мекунад

Толибон* нашри акси "мавҷудоти зинда"-ро дар расонаҳо манъ мекунад

Нашр шуд

Давлати Толибон* рӯзи 14 октябр эълон кард, ки нашри тасвири мавҷудоти зинда дар расонаҳо мамнӯъ аст ва афзуд, ки хабарнигоронро дар чанд вилояти Афғонистон барои иҷрои тадриҷии ин фармон ҳушдор додааст.

Сайфулислом Хайбар, сухангӯи Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст: "Ин қонун дар саросари Афғонистон татбиқ ва тадриҷан амалӣ хоҳад шуд".

Вай иддао кард, ки дар расонаҳо нашри аксҳои мавҷудоти зинда хилофи шариати ислом аст.

Дар тобистон мақомоти Толибон* як маҷмӯаи қонунҳои иборат аз 35 моддаро бо номи қонуни “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” муаррифӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби ин қонунҳо, бо ҳадафи маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳои хабарӣ як қатор муқаррарот зикр шудааст, ки дар он манъи нашри тасвири мавҷудоти зинда, “нашри матолиби хилофи шариат ва дин” ва нашри хабарҳои “таҳқиркунандаи мусулмонон" манъ аст.

Пеш аз ин дар давраи аввали ҳукмронии Толибон* дар Афғонистон, яъне аз соли 1996 то 2001 нашри аксҳои мавҷудоти зинда дар саросари ин кишвар мамнӯъ буд.

Дар доираи маҷмӯи нави қонунҳои сахтгиронаи худ, ҳукумати Толибон* дар Афғонистон ҳамчунин барои занон маҳдудиятҳои бештар ҷорӣ кард, ки манъи шунидани овози занон ва дидани чеҳраи онҳо дар берун аз хонаро дар бар мегирад.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед