Ru  | Tj
Толибон пахши барномаҳои “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон қатъ кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон пахши барномаҳои “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон қатъ кардаанд
Акс: ASIA-Plus

Толибон пахши барномаҳои “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон қатъ кардаанд

Нашр шуд

Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) пахши барномаҳои телевизионии “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон тавассути расонаҳои маҳаллӣ манъ кардаанд.

Бахши паштуи “Би-би-сӣ” мегӯяд, барномаи расонаӣ, ки ба забони пашту дар шабакаи телевизионии “Шамшод” пахш мешуд, шоми якшанбе пахш нашуд.

Бахши дарии “Садои Амрико” ҳамчунин гузориш медиҳад, ки пахши барномаҳои "Ашна ТВ"-и ин шабака аз тариқи телевизони “Тулӯь”,  ки қаблан беш аз даҳ сол дар телевизиони миллии Афғонистон пахш мешуд, аз тарафи Толибон қатъ шудааст.

Ба гузориши “Би-би-сӣ”, дар рӯзҳои ахир барномаҳои телевизиони тоҷикӣ ва ӯзбекии “Би-би-сӣ” дар Афғонистон, ки аз тариқи каналҳои “Ориёно” ва “Орзу” пахш мешуданд, низ баста шудаанд.

Манобеи мухталифи Толибон ба “Би-би-сӣ” гуфтаанд, ки ин тасмимро роҳбарияти онҳо гирифтаанд. Аммо ин манобеъ сабабҳои тасмими мазкурро шарҳ надодааст.

Ториқ Кафоллаҳ, Раиси бахши ҷаҳонии “Би-би-сӣ” гуфт: "Ин як тасмими нигаронкунанда барои мардуми Афғонистон дар замони номуайянӣ ва бӯҳрон аст."

“Садои Амрико” ҳамчунин тасмими Толибон дар бораи қатъи пахши барномаҳои телевизионӣ дар Афғонистонро маҳкум кард ва хостори бознигарӣ шуд.

Маросими савгандёдкунии президент тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед