Ru  | Tj
Толибон пахши ду шабакаи телевизиониро қатъ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон пахши ду шабакаи телевизиониро қатъ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон пахши ду шабакаи телевизиониро қатъ карданд

Нашр шуд

Дар Афғонистон фаъолияти ду шабакаи телевизионӣ, ки гуфта мешавад яке ба Салоҳиддин Раббонӣ ва дигарӣ ба Гулбиддин Ҳикматёр тааллуқ дошт, мутаваққиф шуд.

Вазорати иттилоъот ва фарҳанги Толибон* пахши барномаҳои телевизионҳои хусусии "Нур" ва "Бериё"-ро мутаваққиф карда, парвандаи ин ду телевизионро ба додгоҳ  фиристодааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии ҳукумати Толибон - "Бохтар",  Кумитаи баррасии шикоятҳо ва қонуншиканӣ дар расонаҳо, ки таҳти назорати Вазорати иттилоъот ва фарҳанги Толибон фаъолият мекунад, дар ҷаласаи рӯзи 16-уми апрел тасмим гирифтааст, ки пахши барномаҳои ин телевизионҳо то судури ҳукми додгоҳ қатъ карда мшавад.

Аъзои ин кумисиюн дар як нишасти хабарӣ сабаби қатъи пахши ин телевизиюнҳоро "риъоят нашудани усули рӯзноманигорӣ ва арзишҳои милливу исломӣ" унвон карданд.

Масъулини Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки ин телевизиюнҳо ба ҳушдориҳои чандинкаратаи ин кумисиюн эътибор надодаанд.

Телевизиони миллии Афғонистон, ки ҳоло таҳти назорати Толибон фаъолият мекунад, ба нақл аз Вазорати иттилоъот ва фарҳанги ин гурӯҳ навиштааст: "Бо вуҷуди ҳушдорҳо ва тавсияҳои батакрор, телевизиони "Нур" ба усули рӯзноманигорӣ риоя накарда, арзишҳои милливу исломиро ба назар нагирифт ва ба таассуби қавмӣ, забонӣ ва ҳизбӣ доман задааст».

Ҳабиб Ғуфрон, сухангӯйи Вазорати иттилоъот ва фарҳанги Толибон гуфтааст, ки расонаҳо бояд ба усулҳои исломӣ ва арзишҳои миллӣ эҳтиром ва риоя кунанд.

Телевизиони "Нур" соли 2007 ва шабакаи телевизиони "Барё" соли 2019 дар Кобул ба кор шуруъ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки телевизиони "Нур" мутааллиқ ба Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон" ба раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ аст. Телевизиони "Барё" ба Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон тааллуқ дорад.

Салоҳиддини Раббонӣ аз раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон аст, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад ва Гулбиддин Ҳикматёр бо вуҷуди он ки дар Кобул ба сар мебарад, гоҳ-гоҳ аз сиёсатҳои Толибон интиқод мекунад.

Бояд гуфт, ки аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ин гурӯҳ дар фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ карда ва борҳо хабарнигоронро боздошту зиндонӣ ва фаъолияти расонаҳоро қатъ кардааст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед