Ru  | Tj
Толибон пахши филмҳои хориҷиро, ҳатто бо "мӯҳтавои исломӣ" манъ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон пахши филмҳои хориҷиро, ҳатто бо "мӯҳтавои исломӣ" манъ карданд
Акс: Интернет

Толибон пахши филмҳои хориҷиро, ҳатто бо "мӯҳтавои исломӣ" манъ карданд

Нашр шуд

Масъулини телевизиони “Тамаддун”, як шабакаи телевизионии шиамазҳаб дар Кобул гуфта, Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) аз ин шабака дархост кардаанд, ки пахши ҳама сериалҳои телевизионӣ, ҳатто сериалҳои дорои муҳтавои исломиро қатъ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон (IFJ) бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир расонаҳои маҳаллӣ пахши расонаҳои хориҷиро дар натиҷаи фишори Толибон манъ кардаанд ва бо ин дастикам нашароти чаҳор хабаргузории байналмилалӣ қатъ шуда, ҳашт корманди расонаҳо боздошт ва ду расона аз ҷониби Толибон баста шудааст.

Ин ниҳод аз Толибон даъват кардааст, ки рӯзноманигорони боздоштшударо "фавран" раҳо кунанд ва ҳама маҳдудиятҳои худсаронаро дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ лағв кунанд.

Муҳаммад Раҳматӣ, мудири кулли телевизиони “Тамаддун" дар Твиттер навишта, ки Дафтари матбуотии ҳукумати Толибон дар тамос бо телевизиони “Тамаддун" пахши ҳамагуна филмҳо ва сериалҳои хориҷиро, ҳатто бо мазмуни исломӣ манъ кардааст.

Вай гуфта, ки силсилафилмҳои мазҳакавӣ ва хонаводагӣ дар телевизион пахш мешаванд, ки ба гуфтаи ӯ "ҳарду дар чаҳорчӯби арзишҳои исломӣ" ҳастанд.


Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба баста намудани мактабҳои духтарона аз тарафи Толибон 4 лоиҳаи калонро дар Афғонистон қатъ кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед