Ru  | Tj
Толибон* сафири нави худро дар Узбeкистон таъйин карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон* сафири нави худро дар Узбeкистон таъйин карданд
Акс: etilaatroz.com

Толибон* сафири нави худро дар Узбeкистон таъйин карданд

Нашр шуд

Абдулғаффор Тиравӣ, сафири нави Толибон* дар Узбекистон таъйин шуд, иттилоъ дод шабакаи Tolonews.
«Дар се соли охир Имороти Исломӣ [ҳукумати Толибон*] як режими устувор ва қавӣ будани худро собит кард ва рӯз то рӯз минтақа ва тамоми ҷаҳон ин ҳақиқатро дарк мекунанд. Дар ояндаи наздик Абдулғаффор Тиравӣ ба ҳайси сафири Имороти исломӣ дар Тошканд ба кори худ шурӯъ мекунад», - гуфт Зокир Ҷалолӣ, мудири шӯъбаи сеюми сиёсии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон*.
Тиравӣ узбектабор аст ва то таъйин шуданаш ба ҳайси раҳбари намояндагии дипломатӣ дар Тошканд, дар Додгоҳи олии Афғонистон ба ҳайси мудири шӯъбаи таҳлил кор мекард.

Тиравӣ сафир дар Узбекистон Муғфуруллоҳ Шаҳобро иваз мекунад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шуда буд. Шаҳоб писари вазири маъдан ва нафти Толибон* Шаҳобуддин Дилавар аст.

Дар бораи таъйини сафири нави Афғонистон нахуствазири Узбекистон Абдулло Орипов, ки ҳафтаи гузашта ба кишвари ҳамсоя сафар карда буд, хабар дод.

Ин сафар ба 105-умин солгарди истиқлоли Афғонистон, ки 18 август таҷлил мешавад, рост омад. Дар натиҷа миёни Тошканд ва Кобул 35 созишномаи сармоягузорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллар ба имзо расид.

Гурӯҳи Толибон* дар нимаи моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон дубора ба даст овард. То кунун ҳукумати Толибон* аз ҷониби ҳеҷ як давлати ҷаҳон эътироф нашуда, аксари сафоратҳои Афғонистон аз ҳамкорӣ бо мақомоти нав даст кашиданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад аз Толибон* тақозо дорад, ки ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад, ки ба он намояндагони нерӯҳои мухталифи қавмиву сиёсии Афғонистон ва занон шомил бошанд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли 2023 Чин аввалин кишваре шуд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон* расман сафири нави худро дар Афғонистон таъйин кард.


  *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.
 
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед