Ru  | Tj
Толибон сохтмони сарбанди Пошдон дар Ҳиротро аз сар гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон сохтмони сарбанди Пошдон дар Ҳиротро аз сар гирифтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон сохтмони сарбанди Пошдон дар Ҳиротро аз сар гирифтанд

Нашр шуд

Муовини иқтисодии нахуствазири Толибон* аз оғози корҳои боқимонда дар сарбанди Пошдон дар вилояти Ҳирот хабар дод.

Дар эъломи ин дафтар гуфта мешавад, ки кори боқимондаи ин сарбанд рӯзи 28-уми апрел бо ҳузури Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазир ва теъдоде аз мақомоти дигари Толибон оғоз шудааст.

Абдулғанӣ Бародар дар ин маросим гуфтааст, ки Толибон корҳои боқимондаи тамоми сарбандҳои об дар ин кишварро тафтиш кардаанд ва барои анҷоми онҳо нақшаи ҳамаҷониба таҳия кардаанд.

Вай афзудааст, кори бисёре аз ин сарбандҳо оғоз шудааст, ки яке аз онҳо сарбанди Пошдон аст.

Муовини иқтисодии нахуствазири Толибон гуфтааст, ин гурӯҳ талош доранд корҳои боқимондаи сарбанди Пошдонро сари вақт ва бо сифати хуб анҷом диҳанд.

Сарбанди Пошдон дар 20-километрии шарқи шаҳри Ҳирот дар ноҳияи Кархи ин вилоят ҷойгир аст.

Сохтмонсозии ин садди обӣ пас аз ба тасарруфи Толибон дар Афғонистон мутаваққиф шуд ва гуфта мешавад, ки дар ин муддат бархе аз обгузарҳои он тахриб шудаанд.

Муовини иқтисодии нахуствазири Толибон гуфтааст, ки бо анҷоми ин садди обӣ ҳазорон кас бо ҷойи кор таъмин шуда, ҳудуди 54 милён метри мукааб об захира карда шуда, 13 ҳазор ҳектор замини кишоварзӣ обёрӣ ва ду мегаватт неруи барқ тавлид мешавад.

Гуфтанист, сарбанди Пошдон бояд то охири соли 2021 бо харҷи 117 милён долар ба истифода дода мешуд.

Сарбанди Пошдони вилояти Ҳирот дар рӯдхонаи Ҳарируд, 20 километрии шаҳри Ҳирот дар ноҳияи Карх сохта мешавад. Ин рӯдхона аз ноҳияи Лаълу Сарҷангали Ғур сарчашма мегирад ва бо убур аз вилоятҳои Ғӯру Ҳирот ва аз марзи муштараки Афғонистон ва Эрон ба қаламрави Туркманистон ворид мешавад.

Бояд гуфт, ки сохтмонсозии сарбанд дар рӯдхонаҳои Афғонистон мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон шудааст.

Бунёди ҷӯйи "Қуштеппа" аз рӯдхонаи Ому низ нигаронии ҳамсояҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Узбекистонро ба бор овардааст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед