Ru  | Tj
Толибон* ва Узбекистон ба маблағи 2,5 миллиард доллар тафоҳумнома имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон* ва Узбекистон ба маблағи 2,5 миллиард доллар тафоҳумнома имзо карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон* ва Узбекистон ба маблағи 2,5 миллиард доллар тафоҳумнома имзо карданд

Нашр шуд

Дафтари муовини иқтисодии нахуствазири Толибон* мегӯяд, ки дар ҷараёни сафари нахуствазири Узбекистон, Абдулло Орифов ба Кобул миёни ду ҷониб 35 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллар имзо шуд.

Дар баёния гуфта мешавад, ки ин тафоҳумномаҳо ахиран дар ҳузури Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири Толибон* ва нахуствазири Узбекистон имзо шудааст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки миёни Тошканд ва Кобул 12 ёддошти тафоҳум ба маблағи 1,4 миллиард доллар дар заминаи сармоягузорӣ ва 23 ёддошти тафоҳум ба арзиши 1,1 миллиард доллар дар арсаи тиҷоратӣ миёни масъулин ва намояндагони бахши хусусӣ ба имзо расид.

Қаблан вазорати саноат ва савдои Толибон* эълон карда буд, ки бо Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон панҷ ёддошти тафоҳум дар бахшҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ ба имзо расидааст.


Ҳамчунин рӯзи 18 август дар Кобул намоишгоҳи тиҷоратии Афғонистону Узбекистон бо ҳузури Абдулғанӣ Бародар ва Абдулло Орифов ифтитоҳ шуд.

Дар ин намоишгоҳи тиҷоратӣ мошину трактор ва маҳсулоти мухталифи саноатии Узбекистон ба намоиш гузошта шудааст, ки се рӯз идома хоҳад кард.
Дар баробари ин Абдулло Орифов дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон* гуфт, ки кишвараш раванди судури раводид барои тоҷирон, донишҷӯён ва беморони Афғонистонро оғоз мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳои Узбекистон, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Тошканд ва Кобул дар соли ҷорӣ ба ҳудуди 1 миллиард доллар расида, дар ояндаи наздик ба 3 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки Узбекистон бо Афғонистон 144 км марзи муштарак дошта, равобити Кобул ва Тошканд тайи чанд соли охир ба вижа дар арсаи иқтисодӣ ба таври назаррас тавсеа ёфтааст.


  *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед