Ru  | Tj
“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард
Акс: РИА Новости

“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард

Нашр шуд

Ҳаракати “Толибон” дар Маскав итминон додаанд, ки хати марзи кишварҳои Осиёи Марказиро намегузаранд.

Ин нуктаро дирӯз дар музокирти Маскав ҳайати намоядагони “Толибон” ҳангоми вохӯрӣ бо намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба масоили Афғонистон Замир Кобулов изҳор доштааст.

Ба иттилои ANNA-NEWS.info, ҳайати Толибон илова намудаанд, ки онҳо барои таҳкими сулҳи устувор дар Афғонистон манфитдор ҳастанд.

Сафари ҳайати “Толибон” ба Маскав ду рӯз давом хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози хориҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон, ҳаракати “Толибон” асосан қисматҳои шимолии сарзамини Афғонистонро ба зери тасаллути худ гирифтаанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои ҳифзи қисмати ҷанубии марз ва бартараф намудани бехатарӣ аз иттифоқчиёни узви СПАД кӯмак хост.

Вазъият дар марз: Низомиёни Афғонистон дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон фирор карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед