Ru  | Tj
Толибон ваъда доданд, ки қарзи нерӯи барқро ба кишваҳои ҳамсоя пардохт мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон ваъда доданд, ки қарзи нерӯи барқро ба кишваҳои ҳамсоя пардохт мекунанд
Акс: CASIAN INFO

Толибон ваъда доданд, ки қарзи нерӯи барқро ба кишваҳои ҳамсоя пардохт мекунанд

Нашр шуд

Ширкати давлатии энергетикии Афғонистон ваъда дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин қарзи нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояро пардохт мекунад. 

Ба гузориши “Tolo news”,  Ҳикматулло Нурзай, раиси ширкати давлатии энергетикии Афғонистон гуфтааст, ки онҳо тасмим гирифтаанд дар як муддати кӯтоҳ қарзҳои худ аз хариди нерӯи барқро пардохт намоянд. 

Нурзай афзудааст, ки  дар маҷмӯъ кишвараш аз ҳаққи истифодаи барқ аз кишварҳои ҳамсоя 62 миллион доллар қарздор аст, ки аз ин миқдор 25 млн. доллар ба Эрон, 11,1 млн. доллар ба Тоҷикистон, 9,9 млн. доллар ба Ӯзбекистон ва 5 млн. доллар ба Туркманистон рост меояд.

Ҳамчунин корпоратсияи давлатии энергетикии Афғонистон барои кӯмак дар пардохти ин қарзҳо ба намояндагии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кардаву гуфтааст, ки дар сурати наёфтани сарчашмаҳои сармоягузорӣ маҷбур мешаванд, аз худи мардуми Афғонистон, ки ба фақр мувоҷеҳ ҳастанд, ин маблағро ҷамъоварӣ намоянд.   

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз содиркунандагони аслии нерӯи барқ ба Афғонистон аст. Бар асоси тавофуқнома  миёни “Барқи тоҷик” ва ширкати давлатии энергетикии Афғонистон (DABS)  Душанбе ба Кобул ҳамасола дар фасли зимистон 25-30 ва тобистон то 500 мегаватт нерӯи барқ содирот мекунад.

Тоҷикистон агарчи ҳамеша таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон* (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистонро ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф намекунад ва хостори таъсиси як давлати ҳамашумул дар ин кишвар аст, интиқоли барқро бар Кобул ягон бор қатъ накардааст. 

“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед