Ru  | Tj
Толибзода ва Мияки масъалаи таъсиси институти Омбудсмени молӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибзода ва Мияки масъалаи таъсиси институти Омбудсмени молӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Толибзода ва Мияки масъалаи таъсиси институти Омбудсмени молӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Муовини раиси Бонки миллӣ ба Бонки Осиёии Рушд барои пешниҳоди кӯмаки техникӣ изҳори сипос кард.

Ба иттилои котиботи Бонки миллӣ, Фирдавс Толибзода, муовини раиси ин ниҳод бо ҳайати коршиносони Бонки Осиёии Рушд ба таври маҷозӣ мулоқот анҷом дод ва ба ин муассисаи молии байналмилалӣ барои дастгирӣ ҷиҳати пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар доираи барномаи “Такмили бахши молӣ ва идоракунии фискалӣ” миннатдорӣ баён намуд.

Толибзода гуфт, ки ин кӯмаки техникӣ ба бахшҳои назорати бонкӣ, рушди бозори суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молӣ ва танзиму назорати бонкдории исломӣ равона гардида, барои роҳандозии муваффақонаи чораҳои индикативии барнома мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ меафзояд, Юҷи Мияки, мутахассиси Бонки Осиёии Рушд таъкид доштааст, ки ин муассисаи молӣ афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Тарафҳо ҳамчунин масоили марбут ба бознигарии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар бобати танзим ва назорати бахши бонкӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани дастурамалҳои нав, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо оид ба зиёд кардани зарфияти кормандон, бахусус дар самти бонкдории исломӣ, тақвияти низоми суғурта, таҳияи шаклҳои нави ҳисоботи молиявӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва рақамикунонии онҳоро муҳокима карданд.

Раванди истифодаи индикаторҳои муайяннамоии устувори молии бозори суғурта, гузаронидани машваратҳо барои ташкилоти суғуртавӣ ва ташкили институти Омбудсмени молӣ дар Тоҷикистон аз дигар мавзӯоти ин мулоқот буд.

Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони боэътимоди молии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тобистони имсол ин бонк барои мубориза бо бемории ҳамагири коронавирус ба Тоҷикистон 25 миллион доллари амрикоӣ грант дода буд.

Ин бонк сар аз соли 1998 ба Тоҷикистон ҳудуди 2, 2 миллиард доллар, аз ҷумла 1,6 миллиард доллар грант додааст.

Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед