Ru  | Tj
Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ ҷудо кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ ҷудо кард

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ аз рӯи 18 ихтисос ҷудо намуд.

Дар Душанбе ахиран мулоқоти роҳбарияти Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва калонтарин ширкатҳои истеҳсолии Русия, аз ҷумла аз Тотористон баргузор шуд.

Дар ин бора хабаргузории «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ин мулоқот роҳҳои такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаи таълимии касбӣ, коркарди усулҳои нави такмили маҳорати касбӣ ва сатҳу сифати машғулияти такмили ихтисос баррасӣ гардид.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон гуфт, ки дар айни замон зери назари ин ниҳод 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 намояндагӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Аз сӯи дигар Андрей Поминов, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тотористон гуфт, ки ин ниҳод омодааст, ки бо Тоҷикистон дар самти омода кардани мутахассисон дар Коллеҷи политехникии «Алабуга» ҳамкорӣ кунанд.

Дар ин мулоқот эълон шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ аз рӯи 18 ихтисос ҷудо мешавад.

Дар мулоқот роҳбарони муассисаҳои таълимии касбии Тоҷикистон, аз ҷумла коллеҷҳои технологӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва техникӣ якҷо бо ширкатҳои истеҳсолии ҷумҳурии Тотористон имконоти худро муаррифӣ намуда, барои ба имзо расонидани ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин мулоқот дар доираи баргузории Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамкории мутақобили низомҳои миллии таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ», ки то 10 сентябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад, баргузор шуд.

Гуфтанист, Русия барои соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилиро то ба 1 ҳазор ҷой зиёд кард.

Бар асоси омори расмӣ, айни замон дар мактабҳои олии Русия беш аз 28 ҳазор донишҷӯ ва аспирант аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед