Ru  | Tj
"Transfermarkt": Гаронарзиштарин футболбози тоҷик 700 ҳазор евро нарх рад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Transfermarkt": Гаронарзиштарин футболбози тоҷик 700 ҳазор евро нарх рад
Акс: Sports.tj

"Transfermarkt": Гаронарзиштарин футболбози тоҷик 700 ҳазор евро нарх рад

Нашр шуд

Бар пояи додаҳои пойгоҳи "Transfermarkt" арзиши умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон 100 ҳазор евро афзоиш ëфтааст.

Дар айни замон ба навиштаи "Transfermarkt", аз ҳама гаронарзиштарин футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе будааст, ки дар тими “Зубоҳан”-и Эрон бозӣ мекунад ва арзиши ӯ баробар ба 700 ҳазор евро ҳисоб шудааст.

Миëни бозигарони тими миллии футболи кишвар аз рӯи арзиш дар ҷои дуюм Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро аз тими “Сурхон”-и Ӯзбекистон ва дар мақоми сеюм  Рустам Ятимов бо 400 ҳазор евро аз "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Бояд гуфт, ки Эҳсони Панҷшанбе 23 сол дорад ва дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Вай қаблан аз соли 2016 то соли 2020 дар бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва солҳои 2020-2021 дар дастаи "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардааст.


Футболбози тоҷик ба Аврупо меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед