Ru  | Tj
Туркманистон ва Эрон барои интиқоли газ ба Ироқ тавофуқ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Туркманистон ва Эрон барои интиқоли газ ба Ироқ тавофуқ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Туркманистон ва Эрон барои интиқоли газ ба Ироқ тавофуқ карданд

Нашр шуд

Туркманистон ва Эрон рӯзи 3 июл дар мавриди интиқоли 10 миллиард метри мукааб газ дар як сол қарордод имзо карданд, ки баъдан Эрон ин миқдор газро ба Ироқ содир хоҳад кард.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Туркманистон эълом кард, аммо арзиши пулии ин қарордод ифшо нашудааст, хабар дод Kazinform.

Ин созишнома натиҷаи ҳамкории чандинсолаи Туркманистон ва Эрон дар соҳаи газ аст.

Ин манбаъ дар баёнияе гуфтааст, ки ширкатҳои эронӣ ба манзури тавсеаи имконоти интиқоли газ аз Туркманистон як лӯлаи нави 125-километрӣ ба Эрон хоҳанд сохт.

Илова ба иқтидорҳои мавҷуда,  Ашқобод тасмим гирифтааст, ки интиқоли газ ба Эронро дар як сол то ба 40 миллиард метри мукааб расонад. Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки ҳаҷми интиқоли газ ба Эрон дар самтҳои Давлатобод – Сарахс – Ҳангерон ва тавассути истгоҳи гази Чалоюк афзоиш ёбад.

Бар асоси созукори таҳвили своп (SWAP), Эрон, ки дар байни Туркманистон ва Ироқ ҷойгир аст, то 10 миллиард метри мукааб гази табииро ба Бағдод бар ивази гирифтани ҳамон ҳаҷм аз Ашқобод, интиқол хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки Ироқ соли гузашта бо қатъи интиқоли гази Эрон, ки тақрибан 40 дарсади ниёзҳои ин кишвар бо гази табииро таъмин мекунад, рӯбарӯ шуд.

Аз сӯи дигар Туркманистон асосан ба содироти захираҳои бузурги гази табиии худ такя мекунад. Чин масрафкунандаи аслии гази ин кишвар аст, аммо ҳамзамон Туркманистон руи тарҳи лӯлаи интиқоли газ ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд низ кор мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед