Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҷудо намудани маблағ аз буҷҷа барои рушди ҳунарҳои мардумӣ
Нашр шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ҳудуди 6,7 миллион сомонӣ маблағ аз буҷҷаи давлат ва ҷалби маблағҳои иловагӣ аз дигар манбаъҳо дар назар аст. Чунин гуфта шудааст дар Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки чанде пеш бо қарори ҳукумат қабул шуда буд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, маблағҳои буҷа барои таъмин намудани заминаи моддию техникии марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир, ташкили омӯзиш барои кормандони чунин марказҳо, ташкили системаи ҷамъоварии омор, таҳқиқоти гуногун, ташкили вебсайти махсус ва мағозаи интернетӣ, инчунин нуқтаҳои савдо, дӯконҳо дар минтақаҳо барои фурӯши маҳсулоти дастӣ ва ғайра.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи сентябри соли равон супориш дода шуд, ки дар назди ҳукумат Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳунармандон таъсис дода шавад. Ба Шӯро намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои марбут ба танзим ва рушди соҳа шомиланд ва муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки 2019-2021 дар Тоҷикистон расман "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудааст. Ба ҳукумат супориш дода шуд, ки ба косибон тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок диҳад, инчунин фурӯши молҳои косибонро аз ҳама намудҳои андоз озод кунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед