Ru  | Tj
Ҳукумати феълии Қазоқистон истеъфо дод ва Қосим Жомарт Токаев онро пазируфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати феълии Қазоқистон истеъфо дод ва Қосим Жомарт Токаев онро пазируфт
Акс: Интернет

Ҳукумати феълии Қазоқистон истеъфо дод ва Қосим Жомарт Токаев онро пазируфт

Нашр шуд

Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев истеъфои Ҳукумати ин кишварро пазируфт.

Чӣ тавре, ки  "Интерфакс" иттилоъ медиҳад,  фармони дахлдор рӯзи 5-уми январ аз ҷониби Токаев имзо шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, Ҳукумати кунунии Қазоқистон дар асоси моддаи 70-и Конститутсияи ин кишвар ба истеъфо рафтааст.

Гуфта мешавад, ки иҷрои вазифаи Сарвазири Қазоқистон муваққатан ба ӯҳдаи Смаилов Алихан (муовини якуми Сарвазири ҳукумати истеъфокунанда) вогузор шудааст.

Мувофиқи амр, то тасдиқи ҳайати нави Девони вазирон, аъзои феълии ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ давом медиҳанд.

Зикр мегардад, ки фармони мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш мавриди амал қарор мегирад.

 Ҳукумати қаблии Қазоқистонро, ки ба истеъфо рафт, Аскар Мамин роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи феврали соли 2019 Сарвазири Қазоқистон интихоб шуда буд.

Қабл аз истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар ин кишвар эътирозҳои густарда сурат гирифт. Тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии арзиши гази моеъ оғоз шуд, дар саросари кишвар ба эътирозҳо печид.

 Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба нишони ҳимоят аз эътирозгарони Жанаозен ба хиёбонҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби арзон кардани нархи газ, эътирозгарон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, истеъфои хукумат ва дигар масъалаҳоро ба миён гузоштанд. Дар калонтарин шаҳри ин кишвар — Алма - Ато ошӯбҳо cap задаанд.

Шаби гузашта Президенти Қазоқистон дар робита ба вазъияти баамаломада дар шаҳри Алма-Ато ва вилояти Мангистау то 19-уми январ “ҳолати вазъияти фавқулода” ҷорӣ намуд.


Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон соли пурсамар буд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед