Ru  | Tj
Ҳукумати Хатлон сармоягузоронро ба Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» даъват менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Хатлон сармоягузоронро ба Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» даъват менамояд
Фото: EADaily

Ҳукумати Хатлон сармоягузоронро ба Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» даъват менамояд

Нашр шуд

Охири ҳафтаи равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» баргузор мегардад.

Ба иттилои шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон, дар ин ҳамоиш дар баробари мулоқоту вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши иштирокдорон мегардад.

Ҳадафи ин форум амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд унвон мешавад.

Ҳукумати вилояти Хатлон аз ҳамаи сармоягузорон даъват ба амал овардааст, ки дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» иштирок намоянд ва бо имконоти тавсеаи фаъолияту сармоягузорӣ ошно гарданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хоруғи Бадахшон бо ҳузури масъулин ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ Ҳамоиши байналмилалии “Помир-Инвест – 2022” баргузор шуда буд. 

Дар ин форум беш аз 150 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон аз Русия, Чин, Туркия ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ қаблан хабар дода буд, ки аз натиҷаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар доираи ин ҳамоиш 30 санадҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 950 млн. сомонӣ ба имзо расидааст. 


Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед