Ru  | Tj
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи соҳаи маорифи Хатлон 1,1 миллиард сомонӣ ихтисос додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи соҳаи маорифи Хатлон 1,1 миллиард сомонӣ ихтисос додааст
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи соҳаи маорифи Хатлон 1,1 миллиард сомонӣ ихтисос додааст

Нашр шуд

Дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон аллакай 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 851 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон эълом доштааст, ки дар доираи “Барномаи рушди соҳаи маорифи вилоят барои солҳои 2017-2021” барои бунёди 566 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, Сарвари давлат аз натиҷаи амалишавии нақшаи барномаи мазкур изҳори нигаронӣ намуда, иддао доштаанд, ки иҷрои барнома ҳамагӣ 28 % (151 иншоот бунёд гардидааст) таъмин шудааст.

Гуфта мешавад, Сарвари давлат аз ҳолати дар се баст дарс хондани талабагони 17 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, таъкид доштааст, ки чунин вазъ ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад.

"Гарчанде сохторҳои масъул расман ҳисобот пешниҳод мекунанд, ки муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон аз вагонҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бароварда шудаанд, лекин то ба ҳол 5 мактаб дар ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Қубодиён ва Панҷ дар чунин ҳолат қарор доранд", гуфтааст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар вилояти Хатлон 100 бинои муассисаи таълимӣ барои 40500 хонанда бунёд гардида буд.


Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед