Ru  | Tj
Ҳукумати Узбекистон талаботи дарёфти иҷозатнома барои эъзоми зоиринро сахттар кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Узбекистон талаботи дарёфти иҷозатнома барои эъзоми зоиринро сахттар кард

Ҳукумати Узбекистон талаботи дарёфти иҷозатнома барои эъзоми зоиринро сахттар кард

Нашр шуд

Ҳукумати Узбекистон талаботи навро барои ширкатҳое, ки зоиронро барои анҷоми ҳаҷҷи умра мефиристанд, тасдиқ кард.

Агар дар гузашта барои ширкатҳои сайёҳӣ пасандоз кардани 100 ҳазор доллар дар Сандуқи давлатии “Зиёрат” кофӣ буд, ҳоло ин маблағ то ба 1 миллион доллар афзоиш ёфт.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин бо истинод ба қарори дахлдори девони Вазирони Узбекистон хабар медиҳад.

Таъкид мешавад, ки ҳадафи ин қарор фароҳам овардани шароити бехатар барои сафар ба зоирон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои зиёраткунандагон, таъмин намудани хизматрасонии босифат ва кафолатнок мебошад.

Додани муҷаввиз ба ширкатҳо барои эъзоми зоирон ҷиҳати анҷоми ҳаҷҷи умра дар Узбекистон аз моҳи октябри соли 2024 оғоз мешавад.

Дар баробар ин барои ширкатҳое, ки зоиронро ба Арабистони Саудӣ мефиристанд, як қатор талаботи изофӣ муайян шудааст.

Ҳамин тариқ, бояд мутахассиси дорои дониши динӣ ба ҳайси роҳбари гуруҳи зоирон тасдиқ карда шавад. Инчунин, миёни кормандони ширкат бояд ҳадди ақал як нафар хатмкардаи муассисаи таълимии динӣ ё Академияи байналмилалии исломии Узбекистон бошад.

Дар низомномае, ки мақомоти ин кишвар тасвиб кардаанд, омадааст, ки сафар ба умра бар асоси тавофуқ бо як созмони шарик дар Арабистони Саудӣ сурат мегирад ва пардохтҳо аз сӯи зоирон танҳо тавассути бонкҳо сурат мегирад.

Инчунин ширкат бояд ба зоирон як қатор хизматрасониҳо, аз ҷумла дар Макка ва Мадина кумаки тиббӣ расонад. Ширкат бояд бо ширкатҳои ҳавопаймоие, ки на камтар аз ду сол таҷрибаи корӣ дар парвозҳои байналмилалӣ доранд, ҳамкорӣ намояд.

Дар баробари ин зоирон дар хориҷа бояд дар меҳмонхонаҳои сатҳи на камтар аз се ситора ҷойгир шаванд.

Тибқи қарори ҳукумати Узбекистон инчунин барои нақзи шартҳои иҷозатномадиҳӣ ё тартиби ташкили ҳаҷҷи умра ширкатҳоро ҷарима ба андозаи 75 миллион сум (6 ҳазор доллар) муқаррар шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед